БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Даври дуюми хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои тарғиботи амалӣ дар ноҳия оғоз гардид

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оғоз гардиданд.

Чорабинии нахустин дар асоси ҷадвали кории  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назаров Алиҷон ва муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Шаҳбози Искандар  дар назди ҳозирин баромад намуда, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карданд. Аз ҷумла, оид ба хатарҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ, пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва баррассии нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз ба самти фаъолияти маорифчиён дахл дошт,  ибрози андеша намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg