НОРАК. Дар доираи баргузории нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикиситон дар шаҳри Норак бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар толори китобхонаи марказии шаҳр мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши созандаи занону ҷавонон дар даврони соҳибистиқлоли кишвар» доир гардид.
Дар чорабинӣ мудирони шуъбаҳои кор бо занону ҷавонон ва таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак иштирок ва андешаронӣ карданд.
Дар рафти мизи мудаввар чанде аз иштирокдорон мулоҳизаҳои хешро оид ба мавзуъи корӣ баён дошта, афзуданд, ки мо занону модарон ҳамеша ҷонибдори сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва дастуру супоришҳое, ки аз суханрониҳои Роҳбари давлат бармеоянд, сармашқи кору фаъолияти худ қарор хоҳем дод.