
ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ: Санаи 28 июли соли 2026 тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба татбиқи корҳои амалишаванда дар доираи соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, “300 рӯзи ободониву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан” ва “365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ” ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол бо ҷалби васъеи наврасон ва ҷавонони маҳал баргузор гардид. Дар чорабини масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мактаби варзишии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни сӯҳбат бо ҷавонон ва наврасон дар маҳал Раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия, Сулаймонзода Лола ва Директори мактаби варзишӣ дар ноҳия, Исматуллозода Ҷамолиддин баромад намуда ҳозиринро бо ҷашни муқаддаси 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст таълиму тарбия намудани насли ояндасози кишвар, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, интихоби касбу ҳунар ибрози назар намуданд. Дар фарҷоми мусобиқаи варзишӣ ғолибон бо Ифтихорнома ва Ҷом қадрдонӣ гардиданд


















