БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат саф оростаем!

ЛЕВАКАНТ. Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳошияи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти робита ба маҳал бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Зағертут»  барои  эҳёи  ҳунарҳои мардумӣ ва пос доштани асолату ҳуввияти миллӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.

Масъулин пеш аз оғози мулоқот аз намоиши ҳунарҳои миллӣ дидан карда, ба ҳунари волои занону бонувони ҳунарманди ташкилоти номбурда  аҳсан гуфтанд. 

Инчунин, намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  тарғиби фарҳангӣ миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ,  риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  истифодаи сарфаҷӯёнаи  нерӯи барқ ва пардохти саривақтии  ҳаққи хизматрасонии маблағи он ва дигар масъулаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон, ки яксарияташон занону бонувони ҳунарманд буданд, барои  рушди  анъанаҳои неки мардумӣ, ба ҷавонон омӯзондани касбу ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ  дар хона  маслиҳатҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg