КУШОНИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби омма дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва оид ба Соли тақвияти робита бо маҳал мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
Масъулин зимни вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “И.Сомонӣ” хониши сиёсӣ гузаронида, ҳамзамон зимни суҳбат доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, моҳияти “Ваҳдати миллӣ”, пешгирии шаҳрвандон аз хатарҳои ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондeстию меҳанпарварӣ, истифода аз захираҳои бойи маънавии таърихии миллати тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ суханрони намуданд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат муҳтавои суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ва иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара ба ҳозирин расонида шуд.
Ҳамчунин дар охири вохӯрӣ ба иштирокчиён маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуданд.