БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ ҶАВОНОН БАРГУЗОР ГАРДИД

ДУСТӢ: Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ҷиликул деҳаи Бадахшони ноҳияи Дӯстӣ бозиҳои варзишӣ байни ҷавонон ва наврасон гузаронида шуда истодааст.

Дар ин чорабинӣ Муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Мирзосафарзода Шамсиддин, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидзода Абдулҳафиз, Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдуқодирзода Мирали, раиси маҳалаи деҳаи мазкур ва дигар шахсон иштирок ва суханрони намуданд ва ба ҷавонон ибрози андеша намуданд.

Дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб , обутоб додани бадан ва муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста мешудааст.

Аз ин ҷост, ки варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини аз аслҳои фарҳанги варзишӣ дар ҳавзаҳои фарҳангии бумӣ пазируфта мешавад.

Мақсад аз баргузор намудани чунин бозиҳои варзишӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандустию худшиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллии кишвар, ҷиҳати такмили савияи донишу ҷаҳонбинии насли наврас, чорабинии варзишӣ аз намуди валибол дар байни ҷавонони деҳа ташкил карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон