БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

АРҶ ГУЗОШТАН БА ФАРҲАНГИ ЛИБОСПУШИИ МИЛЛӢ

КӮЛОБ: Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксияи “Тоҷикона мепушем” дар тамоми гӯшаву канори кишвар ҷараён дорад.

Дар ин росто кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аксия таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ҳамчунин бо усули хона ба хона ва аз даст ба даст тақсим кардани зиёда аз 50 варақаҳои таблиғотӣ ба аҳолӣ расонида шуд. Ҳадаф аз аксияи мазкур ин арҷ гузоштан ба фарҳанги либоспушии миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, атласу адрасу чакан ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ мебошад.

Бояд қайд кард, ки ҳар миллату халқият дорои либосҳои миллии худ буда, ба фарҳанги волои ниёгони хеш арҷ мегузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон