
ВОСЕЪ: Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гушаву канори Ватани азизамон созандагиву бунёдкорӣ бо ташаббуси фарзандони содиқи миллат бо маром идома дорад. Дар радиф дар деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Абди Аваз-и ноҳияи Восеъ корҳои ободониву созандагӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷараён доранд.
Бо ташаббуси Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ» Ҷурабек Қурбонзода дар ҳамкорӣ бо Раиси ҷамоати деҳоти Абди Аваз Саидов Сино, раиси маҳалла Шаробов Маҳмадалӣ ва дастгирии фаъолони деҳа –Зарифзода Фирдавс, Зарифзода Сиёвуш, Зарифзода Муҳаммад, Фаррухи Ҳусайн, Назаров Комил, Назаров Маъруф, Қурбонов Бахтиёр, Шаробов Сироҷиддин, Ятимов Ҷурахон, Мирзоев Ғайрат ва дигар фарзандони деҳаи Гулобод, тадбирҳои муҳими ободонӣ роҳандозӣ гардидаанд.
То имрӯз зиёда аз 10 километр роҳҳои дохилии деҳа мумфарш гардида, корҳои таъмиру ободонӣ бо маром идома доранд. Ҳамзамон ташаббускорон иқдом гирифтаанд, ки тамоми хонаҳои истиқоматиро рангу бор намуда, дар онҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳои идонаро насб намоянд.
Дар баробари корҳои ободонӣ, ба масъалаҳои дастгирии иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Бо ибтикори сокинони саховатпешаи деҳа тасмим гирифта шудааст, ки зиёда аз 31 нафар шахсони эҳтиёҷманд маъракаҳои хатнасур ва тӯйи домодиву арӯсӣ баргузор карда шуда, барои онҳо шароити мусоид фароҳам оваанд.
Қобили зикр аст, ки дар деҳаи Гулобод 662 хоҷагӣ зиндагӣ намуда, шумораи аҳолӣ 4751 нафар мебошад. Сокинони деҳа бо азму иродаи қавӣ тасмим гирифтаанд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, корҳои созандагию ободонӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ истиқбол намоянд.


















