БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

АВФИ ЗАНОН – ИҚДОМЕ БА ХОТИРИ ТАҲКИМИ ОИЛА ВА ҶОМЕА

ВАХШ: Имрӯзҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Дар ин айёми таърихӣ пешниҳод ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” боз як иқдоми муҳими инсондӯстона ва башардӯстонаи ин абармарди дунёи сиёсат мебошад.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат ҳамеша ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имконияти ислоҳи шаҳрвандон равона гардидааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” низ идомаи ҳамин сиёсати инсондӯстона буда, шахсоне, ки ба талаботи қонун мутобиқ мебошанд, имконият медиҳад, ки зиндагии худро аз нав оғоз намуда, ҳамчун шаҳрвандони масъул ба ҷомеа хизмат намоянд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи авф”, ки ба муносибати санаи муқаддасу таърихӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, 18038 нафарро фаро гирифта, аз ин шумора 11305 нафар аз адои ҷазо озод мешаванд. Инчунин муҳлати ҷазои 6 733 нафар кам карда мешавад. Дар доираи ин қонун аз 507 нафар заноне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор дошта, адои ҷазо менамоянд, 248 нафар зан аз адои қисми боқимондаи ҷазо пурра озод гашта, 259 нафар зан муҳлати адои ҷазояшон кам карда мешавад.

Ин иқдом аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дошта, бозгашти онҳо ба муҳити оила метавонад барои тарбияи фарзандон, устувории оила ва таҳкими ҷомеа таъсири мусбат расонад.

Ҳамзамон авф маънои аз байн рафтани масъулиятро надошта, баръакс он эътимоди давлат ва шаҳрвандон мебошад. Занони авфшуда бояд ин бовариро бо меҳнати ҳалол, эҳтироми қонун, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои созандагиву ободонӣ қадр намоянд.

Имрӯз, ки корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷараён дорад, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои пешрафти Ватан, таҳкими сулҳу ваҳдат ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем.

Дар ҳақиқат, иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ба муносибати 35 –солагии Истқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, нишонаи равшани сиёсати инсондӯстона, адолатпарварона ва ғамхоронаи Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ташаббус бори дигар собит месозад, ки инсон ва шаъну шарафи ӯ, таҳкими оила ва суботи ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад.

Бигузор ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишвар файзу баракат, сулҳу суботи ҷовидона, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои боз ҳам бештарро ба армуғон оварад.

Мудири шӯъбаи кор бо занони

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Шарипова Н.Қ.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон