
Имрӯз, 10 июл, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Мирзоқосим Каримзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон, маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар кори он дар баробари аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз масъалаҳои зерин иборат буд: гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2026; гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ҷиҳати саҳми вакилони ҳизбӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»; тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои нимсолаи дуюми соли 2026 ва масъалаҳои ҷорӣ.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҷаласаи имрӯза дар даврае баргузор гардида истодааст, ки тамоми мардуми сарбаланди кишвар таҳти таассуроти амиқи ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабул гардидани Қатъномаи СММ “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” қарор доранд, ки бо истифода аз фурсат ин дастоварди бузургро ба ҳамаи шумо, ҳамсафони азиз, самимона табрик мегӯям.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси нақша-чорабинҳои нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 11 ҳазору 502 нафар ба сафи ҲХДТ қабул карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 839 нафар зиёд мебошад. То 1-уми июли соли 2026 сафи аъзои ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба 234 ҳазору 289 нафар расонида шудааст, ки аз ин шумора 132 ҳазору 306 нафар (52%)-ро занон ва 82 ҳазору 521 (35%) нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 38 ташкилоти ибтидоии нави ҳизбӣ таъсис дода шуда, то имрӯз шумораи умумии ташкилотҳои ибтидоӣ ба 3 ҳазору 24 адад расонида шудааст, ки аз ин миқдор 1 ҳазору 463 (49%)-тояшро ташкилоти ибтидоии деҳа-маҳал ташкил медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки 446 (14%) раиси ташкилоти ибтидоиро занон ташкил медиҳанд.
“Дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақшаи корӣ дар маҷмуъ 3 ҳазору 101 маҷлиси раёсат, Кумитаи иҷроя ва ташкилотҳои ибтидоӣ доир карда шуда, қабул ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва ғайра баррасӣ карда шудаанд”, - илова кард раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб.
Аз рӯйи масъалаи дуюм Назокат Қосимӣ, роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, дар маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, оид ба саҳми вакилони ҳизбӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкми худшиносиву худогоҳии миллӣ» гузориш дод.
Сипас, Маҳмадсаид Раҷабзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба музокира баромада, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро дар нимсолаи аввали соли 2026 қаноатманд ҳисобиданд.
Мирзоқосим Каримзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, зимни суханронӣ, нахуст, ба узви Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати амалӣ гардонидани барномаву ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сипос гуфт.
Зимнан, зикр кард, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки имсол мардуми кишвари азизамон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Ин санаи муқаддас барои ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ ва марҳилаи муҳимми рушдии давлатдории навини тоҷикон мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо роҳи созандагӣ ва пешрафтро тай намуда, ба дастовардҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.
Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни баромади хеш оид ба фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, баргузории суҳбату вохӯриҳо бо сокинон бо усули хона ба хона ва кӯча ба кӯча ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ибрози андеша намуд.
Баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардида, чун анъана як зумра аъзоёни фаъоли ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи барнома ва оинномаи ҲХДТ бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ қадршиносӣ гардиданд. Инчунин, раиси шаҳри Левакант, раисони ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон, Қубодиён барои пешсафӣ дар маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
“Ҳамрози халқ”


















