
Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати татбиқи Соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносии худогоҳии миллӣ”, “300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан» ва “365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ” ба ифтихори 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умумивилоятӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ бо як нерӯи тоза иштирок намуданд.
Аз ҷумла роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон низ ба даст белу каланд гирифта, гирду атрофи бинои маъмурии ҳизб ва кӯчаву роҳравҳо, инчунин дохили ҷӯйборҳоро аз алафу зарфҳои пластикӣ ва дигар партовҳо тоза намуданд.
Мавриди зикр аст, ки имсол мардуми сарбаланди кишвар бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ҷашни бузуруги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тозакориҳои чашмрас истиқбол хоҳанд гирифт. Агар ҳадафи ташкил ва гузаронидани чунин ҳашарҳои умумивилоятӣ аз як тараф мусоидат ба солимии ҷомеа ва тадбиқи ташаббусҳои созанда бошад, аз ҷониби дигар ба истиқболи ҷашни фархундаи миллат-35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Чунин ҳшарҳои поксозӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби аъзоёни ҳизб пайваста роҳандозӣ мегардад. Ин иқдом идомаи анъанаҳои наҷиби ниёгонамон бобати беҳдошти муҳити зист мебошад, зеро тоза нигоҳ доштани атроф, пайравӣ ва саҳмгузорӣ дар амали хайр аст.


















