
ДӮСТӢ: Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, чорабинии илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони "Ваҳдати миллӣ-Омили сарҷамъии миллат ва рамзи устувории давлат" баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз, Муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Мирзосафарзода Шамсиддин, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобомуродзода Миҷгона, Раиси Шӯрои собиқадорони меҳнат Сафарзода Мирзосафар, собиқадорони меҳнат, аксарияти раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар аъзоёну ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ иштирок доштанд.
Нахуст Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони чорабинии мазкурро бо 29-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.
Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ ба даст омада, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бамароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард.
Сипас муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафарзода Шамсиддин ба сухан баромада иброз дошт, ки барои мо мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27-уми июни соли 1997 дар баробари Истиқлолият аз шумори санаҳои тиллоии тақдирсоз мебошад ва дар саҳифаи таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Ҳамчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Бобомуродзода Миҷгона, Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Сафарзода Мирзосафар, Собиқадори меҳнат Саидзода Нурмуҳаммад, аъзои фаъоли ҳизб Рустамзода Рузигул, Котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳанг" Кабиров Шарифҷон ва якчанд иштирокчии чорабинии мазкур вобаста ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва моҳияти таърихии он дар аркони давлатдории навини тоҷикон ибрози андеша намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ якчанд аъзоёни фаъоли ҲХДТ Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Дӯстӣ сарфароз гардонида шуданд.


















