
ЁВОН: Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қисми низомии 6593-и ҳудуди ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд бо ҳайати шахсии қисми низомӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Муовини раиси ноҳияи Ёвон Шарифзода Рустам, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Меҳроҷи Абдулҳаким, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Саёра Холмурод инчунин дигар меҳмонону соҳибкорон фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши сарнавиштсози он дар таҳкими сулҳу субот, рушди давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум ибрози андеша намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа пойдор гардида, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Ҳамзамон, аз сарбозону афсарони қисми низомӣ даъват ба амал оварда шуд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амният ва суботи кишвар содиқона хизмат намоянд


















