
ҚУБОДИЁН:Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он муовини якуми раиси ноҳияи Қубодиён Қудратуллозода Бахтиёр, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдувоҳидзода Дилшод, раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини якуми раиси ноҳияи Қубодиён иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, барои таъмини сулҳу субот, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди устувори Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам овардааст.
Сипас, суханони табрикотии прокурори ноҳияи Қубодиён ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон шунида шуданд.
Зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардида, имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати комил роҳи ободониву пешрафтро бо қадамҳои устувор идома медиҳад.
Ҳамчунин, ба як қатор фаъолони ноҳия Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тақдим карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳияи Қубодиён барномаи фарҳангии идона манзури иштирокчиён гардонида шуд.


















