
ХУРОСОН:Дар бинои Маркази ҷавонон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанави «Ваҳдат – шоҳсутуни Истиқлолият» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Мудири шӯъбаи омор ва Маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Хатлон Расулзода Азимҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Сиддиқзода Ғолиб ва муовини идеологии ноҳияи Хуросон Турсунзода Дӯстмурод.
Зимни суханрониҳо зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди нодири халқи тоҷик барои таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Таъкид карда шуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо аз вартаи низоъҳои дохилӣ раҳо гардида, ба марҳилаи нави рушду созандагӣ қадам гузошт.
Иштирокчиёни ҳамоиш аз хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар роҳи барқарорсозии сулҳ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои шаҳрвандон ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ аз муҳимтарин арзишҳои миллӣ ба шумор рафта, ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Собиқадорон зимни баромадҳои худ ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти Тоҷикистони азиз даъват намуданд. Зикр шуд, ки танҳо дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ ва рушди устувор ноил гардид.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён бо ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат Рӯзи Ваҳдати миллиро ба мардуми шарафманди Тоҷикистон табрик гуфта, барои пойдории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва шукуфоии Ватани азиз орзуҳои нек баён намуданд.


















