БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ МУАЙЯН ШУДАНД!

Дар шаҳри Бохтар мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ҲХДТ» ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд. Дар маросими ҷамъбасти он Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Исроил Шарифов, муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон иштирок намуда, ба сатҳи баргузории мусобиқа баҳои баланд доданд.

Зикр гардид, ки мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ТҶҶ«Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳадафи асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш, рушди бозии футбол ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ миёни ҷавонон мебошад.

Зимни суханронӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро ғолибон ва ҳамаи иштирокчиёни мусобиқаро барои нишон додани маҳорати баланд ва ҳисси масъулиятшиносӣ табрик намуда, таъкид кард, ки варзиш яке аз омилҳои муҳими тарбияи ҷавонон ва ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Сиёсати ҷавонпарваронаи давлату Ҳукумат, бахусус таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати оммавигардонии футбол ва дигар намудҳои варзиш заминаи устувор гузоштааст,-илова кард раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб.

Маврид ба зикр аст, ки дастаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойи сеюм, дастаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷойи дуюм ва дастаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ сазовори ҷойи якум ва ғолиби “Ҷоми ҲХДТ” гардида роҳхат ба даври ниҳоии мусобиқа, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок хоҳад кард.

Ғолибон бо медал ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки чунин мусобиқаҳо дар баробари рушди маҳорати варзишӣ, ҷавононро ба дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ раҳнамоӣ намуда, барои ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон