
ТЕМУРМАЛИК:Бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдатат поянда бод Тоҷикистони азиз” дар толори «Колеҷи тиббии Ҷамоати Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ҳусейнзода Наврӯз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Маҳмадсаид Раҷабзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, Айниддин Аслиддин, муовини раиси ноҳия, Алихон Салимзода, раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт, Зикруллоҳ Содиқзода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Колеҷи тиббии Кангурт” ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Нахсут, Ҳусейнзода Наврӯз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба сухан баромада, ҳамаи иштирокдорон ва дар симои онҳо тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ба Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуд. Ҳамчунин ӯ иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои мардуми сарбаланди тоҷик дар солҳои истиқлолият маҳсуб меёбад. Ин воқеаи сарнавиштсоз ба низои шаҳрвандӣ нуқтаи поён гузошта, барои барқарор намудани сулҳу субот, рушди давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи пешрафта заминаи устувор фароҳам сохт. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун нишонаи ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон эътироф гардида, ҷойгоҳи хос дорад.
Дар идома дигар иштирокдорони низ доир ба аҳамияти таърихи доштани Ваҳдати миллӣ андешарони намуданд. Дар қисмати дигари чорабинӣ ба якчанд нафар, ки нав ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Инчунин, ба ҷанговарони башардӯст ва собиқадорони меҳнат аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик туҳфаҳои молӣ супорида шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии Қасри фарҳангӣ Ҷамоати деҳоти Кангурт баҳри болидаруии иштирокчиён сурудҳо дар васфи Ватану ватандорӣ сароида шуд.


















