
ЛЕВАКАНТ: Бо ҳамин унвон дар Муасисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант” бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ конференсияи бошукӯҳи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Низора Олимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Умедҷон Шарифов, директори генералии ҶСК “Азот”-и шаҳри Левакант, Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант ва фаъолони ҳизб аз иштирокдорони ин ҳамоиш буданд.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, дар оғози сухан ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда таҳният гуфта, зикр кард, ки дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаҳои пурифтихоре мавҷуданд, ки аз ҷасорат, масъулиятшиносӣ ва ғамхории роҳбарияти давлат нисбат ба сарнавишти миллат шаҳодат медиҳанд.
“Яке аз чунин саҳифаҳои муҳим сафарҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон барои дидор бо гурезагони тоҷик ва баргардонидани онҳо ба ватан мебошад, - тазаккур дод Саидзода Ҷамшед Ҳамро. - Солҳои аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон давраи ниҳоят душвор ба ҳисоб мерафт. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо шаҳрвандони кишвар маҷбур шуданд, ки хонаю зодгоҳи худро тарк карда, ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, паноҳ баранд. Дар чунин шароити ҳассос масъалаи баргардонидани ҳамватанон ва таъмини амнияти онҳо ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат табдил ёфт. Маҳз бо шарофати тадбирҳои оқилона ва сиёсати инсонпарваронаи роҳбарияти давлат ҳазорон гуреза ба ватан баргаштанд ва дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоштанд”, - илова кард раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб.
Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Левакант, изҳор дошт, ки ваҳдат ин маънои бузурге дошта, барои ҳар як шаҳрванди кишвар неъмати пурарзиш ба ҳисоб меравад. “Зеро то расидан ба он танҳо аз шаҳри Левакант 190 ҷавон ҷони худро қурбон карда, даҳҳо тани дигар бе ному нишон гаштаанд. Модарону кӯдакон қурбони вазъи ноороми он замон гардиданд, ки то имрӯз пайвандонашон дар фироқашон месӯзанд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки ваҳдату ягонагиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, пойдории сулҳу ваҳдати кишварро вазифаи инсонию виҷдонии худ шуморем”, - таъкид кард Ҳ.Султонов.
Дар идомаи конференсия Низора Олимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ва Умедҷон Шарифов, директори генералии ҶСК “Азот”-и шаҳр доир ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва хизматҳои шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии давлату миллат маърӯза карданд. Дар охири конференсия ба Умедҷон Шарифов, директори генералии ҶСК “Азот”-и шаҳри Левакант сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант тақдим гардид.


















