
БОХТАР:Ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сифатшиносон”-и назди «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ бо ваҳдатофараш - муаррифгари миллати тоҷик дар ҷаҳон» баргузор гардид.
Дар ҷараёни он Ҷамшед Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Амиралӣ Ташрифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Раҳмонҷон Соатмуминов, устоди таърихшиноси ДДБ ба номи Носири Хусрав, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолон иштирок карданд.
Амиралӣ Ташрифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, дар расми ифтитоҳи конфронс доир ба аҳамияти сарнавиштсози ваҳдати миллӣ ибрози андеша кард. Ӯ таъкид намуд, ки ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик буда, барои таъмини сулҳу субот, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Зикр гардид, ки пас аз солҳои пурошӯби муқовиматҳои дохилӣ мардуми Тоҷикистон бо иродаи қавӣ, хиради азалӣ ва масъулиятшиносии баланд роҳи сулҳу оштиро интихоб карда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳоро муаррифӣ карданд.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ёдовар шуд, ки рушди устувори ҷомеа маҳз аз ваҳдати собити умумимиллӣ сарчашма мегирад. Ӯ бо истинод ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфт: «Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад».
Таъкид гардид, ки ваҳдат беҳтарин неъмат, рамзи бақои миллат, таҳкими давлатдорӣ ва шарти асосии пешрафти ҷомеа мебошад. Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намудааст, ки маҳз дар заминаи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардум шароити мусоид барои бунёд ва рушди давлатдории навини тоҷикон фароҳам меояд.
Дар идома омӯзгор Раҳмонҷон Соатмуминов оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ суханронӣ карда, аз ҷумла, гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз на фақат дар Тоҷикистон ҳамчун рамзи сулҳу субот ва ваҳдат, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун пешкори ҳалли низоъҳои муосир эътироф гардидааст.
Гуфта шуд, ки вазифаи муҳимми насли ҷавон, олимон ва аҳли зиё ҳифзу тарғиби мероси гаронбаҳои ваҳдат буда, омӯзиш ва таҳқиқи таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон бояд дар доираи корҳои илмӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ ва барномаҳои таълимӣ густариш дода шавад.
Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён аҳамияти таърихии ваҳдати миллиро бори дигар ёдрас шуда, изҳори итминон карданд, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи созандагию бунёдкориро идома хоҳанд дод.


















