КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авитсена” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ соати сиёсӣ баргузор карда шуд.
Зимнан, дар мулоқот раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авитсена” Расулов Амиралӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимму стратегии давлат мебошад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.
Мавсуф гуфт, ки моро зарур аст пеш аз ҳама ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, ки дар сари чанбари мошини вазнин нишасту маҷрои дарёро ба хотири бунёди нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ва дигар кардани саргаҳи он заҳмат кашида намунаи дарси созандагиро бароямон нишон дод. Инро бояд ҳар лаҳза пеши назар орем, фикри имрӯзу ояндаи худу фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳм гузорем.