
Имрӯз дар доираи баргузории Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо муовини роҳбари шуъбаи робитаҳои байналмилалии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Хайян баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байниҳизбӣ, рушди муносибатҳои дӯстона ва табодули таҷриба миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Комунистии Чин мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми тарафайн ба анҷом расид.


















