БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

“НОМИ НЕКИ ҚАҲРАМОНОН ҶОВИДОН МЕМОНАД”

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар маҷлисгоҳи муассисаи давлати “Коллеҷи тиббӣ”-и шаҳр конференсияи илмӣ-амалӣ барпо шуд. Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Давлатшо Маҳмудов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Раҳмонҷон Соатмуминов, саромӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Исмоил Одилзода, сарвари Коллеҷи давлатии шаҳри Бохтар, собиқадорони ҳизб, гурӯҳе аз адибони хатлонӣ ва барқароркунандагони сохти конистутсионии давлат аз меҳмонони фахрии ин ҳамоиши илмӣ буданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ Ташрифзода Амиралӣ Сафаралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоишро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки қаҳрамонони Тоҷикистон бо ҷоннисорӣ, хизматҳои содиқона ва саҳми арзандаи худ дар роҳи ҳифзи давлату миллат дар саҳифаҳои таърих номи нек боқӣ гузоштаанд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба хотираи онҳо барои насли имрӯз ва фардо сабақи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Пасон, риштаи сухан ба Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дода шуд.

“Бузургонро бузургон зинда медоранд, - зикр кард Саидзода Ҷамшед Ҳамро. - Ин иқдоми шоиста, яъне ба ватан овардани кафи хоки фарзандони фарзонаи миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад шаҳодат аз бузургворӣ, қадри заҳмати содиқона ба меҳанро донистан ва хотираи қавии таърихӣ доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медиҳад”.

Гуфта шуд, ки 19-уми май муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллат иштирок карданд. Иштироки Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи ватан мебошад. Ин лаҳзаҳо танҳо як маросими расмӣ набуда, саҳнаи зиндаи эҳтиром ба таърих, эҳёи хотираи миллӣ ва қадршиносии миллат аз фарзандони фидокори худ буданд. Барои мо - фарзандони ин ватани маҳбуб, ки маҳз бо талошҳои фарзонагони миллат пойдор аст, ин як дарси азими ватандӯстист. Маросими истиқбол дар фазои мутантани эҳтиром ва ифтихори миллӣ баргузор гардид. Қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон, ки бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида шуда буданд, аз ҷониби сарбозони Қаровули фахрӣ бо эҳтироми хос интиқол дода шуданд. Ин манзара дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихор, муҳаббат ба ватан ва эҳтиром ба қаҳрамонони миллатро бедор карданд.

Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳаяҷоновар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси ҷумҳурӣ хизматҳои мондагор намудаанд. Нисор Муҳаммад яке аз аввалин поягузорони сохти муосири маорифи Тоҷикистон аст ва пуштибони забони тоҷикӣ буд, ки бешубҳа, хидматҳои ӯ низ шоистаи арҷгузории хос аст.

Давлатшо Маҳмудов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, зимни суханронӣ аз ҳаёт ва фаъолият, аз хидматҳои барҷастаи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва маорифпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад ёдовар шуда, ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз дидгоҳи таърихшиносӣ саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ кард.

Раҳмонҷон Соатмуминов, саромӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз муборизаҳои беамоне, ки душманони миллат мебурданд, аз ҳаракатҳои ноҷои қавму қабилагароӣ, аз душвориҳои сиёсии он замонҳо ёдовар шуда, фарзандони сарсупурда доштани миллатро барои бақои он зарур шуморид.

Исмоил Одилзода, сарвари муассисаи давлатии “Коллеҷи тиббӣ”-и шаҳри Бохтар, дар баробари сипосгузорӣ аз ин ташаббуси ҳизбӣ, афзуд, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино аз иқдомҳои дигари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар сартосари олам ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо карда истодааст.

“Зинда гардонидани номи нек, корнома ва ҳамзамон, батакрор таъкид кардани ҳувияту хидматҳои бузургони миллат аз заруриёти замони муосир аст, ки он хушбахтона, дар кишвари мо дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҷараёни қонеъкунанда ва хеле фараҳбахш касб кардааст. Мо – калонсолону ҷавонон бояд ба қадри ин ҳама заҳматҳои абармарди сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва бо амалҳои неки худ ҳамраъйи ӯ бошем”, - иброз дошт дар хотимаи конференсия сарвари коллеҷ.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон