
Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар майдони ба номи Ҷ.Балхии шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳи иттилоотӣ-фароғатӣ барпо шуд.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят моделҳои сарчашмаҳои обии Тоҷикистон, пиряхҳо, обанборҳо, кӯлу дарёҳо ва неругоҳҳоро сохта, ба маърази ом гузошта буданд, ки аз ҳунари онҳо, аз табиатдӯстдорияшон ҳар як бинанда ба ваҷд омад.
Музаффар Мирзозода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, зимни суханронӣ, аз ҷумла, таъкид кард, дар ҳоле, ки обшавии пиряхҳо, камшавии захираҳои обӣ афзуда, тағйирёбии иқлим ҷараёни пуртаъсир касб кардааст, ҷониби Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ иқдомҳои барҷаста нишон дода истодааст, ки ин, бешак, боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонист. "Вазифаи мо - шаҳрвандон аз он иборат аст, ки бо шинонидани дарахте, бо муҳофизати навъҳои камчини гулу гиёҳе ин сайёраи зеборо барои наслҳои оянда бенуқсон нигоҳ дорем",-афзуд муовини якуми раиси вилояти Хатлон.
Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тадбирҳои то ин ҷониб дар самти тағйирёбии иқлим дар кишвар роҳандозишуда баҳои мусбат дода, илова кард, ки муҳофизати табиат бояд кори ҳамагонию ҳамешагӣ бошад.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҳангоми суханронӣ, аз ҷумла гуфт, ки муҳофизати муҳити зист мақсаду мароми доимии ин ҳизб аст. "Дар вилояти Хатлон бо дастгирии сохторҳои ҳизбӣ ва мақомоти маҳаллӣ корҳои ободониву кабудизоркунӣ густариш ёфта, ҳазорҳо бех дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд. Бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ дар шафати роҳҳои Бохтар-Душанбе дар ноҳияи Хуросон ва Бохтар – Данғара, яъне дар шаҳри Левакант маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил шуд.
Ин иқдомҳо барои беҳтар гардидани вазъи экологӣ ва фароҳам овардани муҳити солим мусоидат мекунанд",-илова кард ӯ.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба он ташкилоту идораҳо ва шахсони алоҳидае, ки дар ҷодаи муҳофизати табиат пешгом ҳастанд, сипосномаю ифтихорномаҳо супурда шуд. Аз ҷумла, ба Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои ташаббусҳои таъсирбахши экологӣ ва ҳидояти ҳамсафон ба тозагию сабзкорӣ "Сипоснома" тақдим шуд.
Дар поёни чорабинӣ ба ҳозирон суруду рақсҳои ҷолиб манзур шуд.

















