БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МУКОЛАМАИ СОЗАНДА – ЗАМИНА БАРОИ ИНТИХОБИ ОЯНДА!

Бо мақсади муаррифии барномаи пешазинтихоботӣ, инчунин таҳкими робитаи мустақим бо шаҳрвандон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои озоду созанда ҷараён гирифта, ба минбари муҳимми муколамаи мустақим миёни номзадҳо ва сокинони маҳаллӣ табдил ёфт.

Дар вохӯрӣ раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Каримов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишвар, номзадҳо ва интихобкунандагон иштирок карданд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ шинос кардани шаҳрвандон бо шарҳи ҳол ва барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо, инчунин шунидани андешаву пешниҳодҳои мардум арзёбӣ гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Комиссияи ҳавзавӣ Каримов Абдуҷаббор ба ҳар як шахси боэътимод ва номзад ба вакилон аз ҳизбҳои сиёсии Аграрӣ, Сотсиалистӣ, Демократӣ, Ислоҳоти Иқтисодӣ ва ҲХДТ ба навбат сухан доданд. Шахсони боэътимод ва номзадҳо ба вакилон дар бораи шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботи номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас истода гузаштанд.

Дар навбати худ Саидзода Ҷамшед Ҳамро ҳамчун шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ баромад карда, доир ба фаъолияти меҳнатӣ, таҷрибаи корӣ ва ташаббусҳои созандаи Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек ибрози назар кард. Ӯ таъкид намуд, ки номзад дар тӯли фаъолияти худ ҳамеша барои ҳалли масъалаҳои мардум, дастгирии ташаббусҳои иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал кӯшиш намуда, ҳамчун шахси масъулиятшинос ва содиқ ба манфиатҳои ҷомеа шинохта шудааст.

Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва аҳамияти иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки интихобот яке аз рукнҳои муҳимми ҷомеаи демократӣ буда, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеа мусоидат менамояд.

Мавсуф таъкид намуд, ки иштирок дар интихобот ва райи худро ба ҷонибии номзади арзанда додан ин барои ҳар як интихобкунанда хеле зарур буда, масъулият барои фардои дурахшони кишвар ва қарзи шаҳрвандӣ дар назди истиқоматкунандагони ҳудуди ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ мебошад. Аз интихобкунандагон эҳтиромона даъват намуданд, ки рӯзи 14 июни соли ҷорӣ дар интихобот фаъолона иштирок намуда, номзади арзандаи худро мустақиман ва озодона интихоб намоянд.

Зимни мулоқот номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Кӯшониён, №27 Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек суханронӣ карда, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи худ маълумот дод. Номзад таъкид намуд, ки ҳадафи асосии фаъолияти ӯ мусоидат ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, дастгирии қишрҳои гуногуни аҳолӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, таҳкими инфрасохтори маҳаллӣ ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи шаҳрвандон мебошад.

Зикр гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид гардидааст. Дар ин замина, намояндагони мардумӣ низ бояд бо масъулияти баланд баҳри татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Қисмати муҳимми вохӯриро суҳбати озод бо интихобкунандагон ташкил дод. Сокинон аз имконияти фароҳамшуда истифода намуда, андешаҳо, пешниҳодҳо ва масъалаҳои мубрами маҳалли худро баён карданд. Масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани инфрасохтор, таъмини ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Номзадҳо ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас дода, изҳор доштанд, ки дар сурати интихоб шуданашон тамоми дониш, таҷриба ва неруи худро барои ҳимояи манфиатҳои мардум, мусоидат ба рушди минтақа ва татбиқи барномаҳои созанда равона хоҳад кард.

Аз ҷумла Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек, таъкид намуд, ки ҳамкорӣ ва робитаи доимӣ бо интихобкунандагон аз самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи ӯ хоҳад буд.

Вохӯрӣ дар фазои самимият, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил баргузор гардида, бори дигар аҳамияти муколамаи мустақим миёни номзадҳо ва шаҳрвандонро нишон дод. Чунин мулоқотҳо барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои намояндагӣ ва шиносоии амиқи мардум бо барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо нақши муассир мегузоранд.

Дар фарҷом иштирокчиён омодагии худро барои иштироки фаъол дар интихобот иброз карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон