
БОХТАР: Даврони Истиқлолият барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сарнавиштсоз ва пур аз озмоишҳо буд. Кишвари мо дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароити ҳассос нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии давлатдории миллӣ ва таъмини сулҳу субот аҳамияти таърихӣ дорад.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз тавассути иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта, барои рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам омад. Барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, таҳкими қонунмандӣ ва таъмини амнияти миллӣ Тоҷикистонро ба роҳи рушди босубот ҳидоят намуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ симои кишварро куллан дигаргун сохтанд. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.
Дар баробари ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дипломати моҳир ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ тавонист мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад.
Бояд гуфт, сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад. Имрӯз Тоҷикистон бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад.
Махсусан, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтаанд. Қатъномаҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва рушди устувор обрӯ ва нуфузи кишвари моро дар ҷаҳон афзун намудаанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта мешавад.
Дар чунин дунёи пурталотум сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо чанд маркази муҳимми қудрат ва бозигарони асосии ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад.
Дар маҷмӯъ, таҷрибаи солҳои Истиқлолият нишон медиҳад, ки таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодӣ, сулҳу субот ва баланд гардидани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон бо фаъолияти пурсамари роҳбарияти давлат ва пуштибонии мардуми кишвар алоқаманд мебошад. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва созанда дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи арзандаи худро соҳиб гардидааст.
Улфатзода Абдураҳим - сардори раёсати робитаҳои байналмилалии ДДБ ба номи Носири Хусрав, аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фуруғ"


















