
ВАХШ: Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш мизи мудаввар таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ - омили муҳимми рушди устувори ҷомеа” бахшида ба 29-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар мизи мудаввар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Неъматзода Азизулло, аъзоёни Ташкилоти "Ҳомиёни Ватан" иштирок намуданд.
Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Негматзода Азизулло оғоз бахшида, аз таърихи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, омилҳои таҳкими истиқлолият дар кишвар ва муҳимтарин шарти ободию осудагии кишвар маҳсуб гаштани сулҳу ваҳдат суханрони намуданд.
Дар идома аъзоёни Ташкилот зимни суханронии хеш қайд намуд, ки воқеан ҳам, волотарин дастоварди куҳанбунёду демократии мо дар тӯли ҳазорсолаҳои таърих ин расидан ба Истиқлоли давлатӣ, сулҳи комил ва ваҳдати миллист.

















