БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

СӮҲБАТУ ВОХӮРИҲО ОИД БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ МИЁНИ ЗАНОН

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тиббии занон, пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла худкушӣ, худсӯзӣ ва бемориҳои сироятӣ, махсусан Вируси Норасоии Маҳдудияти Одам, дар байни занон мудири шуъбаи кор бо занон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Камолова Шаҳло ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбату вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён оид ба арзиши ҳаёт, таҳкими муҳити солими оилавӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои нохуш, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тарзи ҳаёти солим маълумоти муфид пешниҳод гардид. Ҳамчунин, масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан ВНМО, роҳҳои сироятёбӣ ва усулҳои ҳифзи саломатӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳар як бону бояд нисбат ба саломатии худ ва аъзои оила масъулияти баланд дошта, дар тарбияи фарзандон ва таҳкими фазои солими ҷомеа саҳми арзанда гузорад. Чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб нақши муҳим доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон