БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум аз найрангҳои ғаразноки террористони Ҳизби Наҳзати Ислом огоҳанд

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиёни дар ҷамоати деҳоти  Тахти Сангини ноҳия  бо саҳмдорони ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии Авесто” вохӯрӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин вобаста ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ маънидод карда мешавад, суханронӣ намуд.

Ичунин, оид ба эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан карда, даъват бар он намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлатамон ҳар яки фарди ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд.

Баъдан мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ф. Абдураҳимова дар бораи мафҳум ва моҳияти пайдоиши “терроризм” маълумот дода қайд намуд, ки дар олами имрӯза масъалаи мубориза бар зидди  терроризм  ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст. Дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи мураккабу ҳассос дар боби дарки амиқ, фаҳмиши тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм истодааст.

Дар шароити ҳозира кулли одамонро ҳалли масъалаи мазкур ба худ кашидааст ва гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳар роҳу восита  мехоҳанд аз нерӯи ҷавонон истифода баранду ба ҷомеаи  тинҷу ороми мо халал ворид созанд.

Мубориза бар зидди таҳдид ва хатарҳои экстремизму терроризм на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар қишри ҷомеа, ҳар як оила ва ҳар як ҷавонмарди Ватан мебошад.

Аз ин лиҳоз ҳар яки моро месазад баҳри пешгирӣ аз чунин хавфу хатарҳои  тероризму экстремизм дар ғафлат намонем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg