
ТЕМУРМАЛИК: Тавре медонем ҷавонони соҳибиқболи даврони истиқлолият имрӯз дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор доранд.
Зеро нақши ҷавонон дар тадбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб басо баланд арзёбӣ мегардад. Ҳамарӯза ба Кумитаи иҷроиияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, аз тарафи шаҳрвандон ва ҷавонони болаёқат барои ба сафи ҳизб дохил шудан муроҷиат карда мешавад.
Қобили қайд аст, ки якчанд нафар аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи 4” – и ноҳия барои ба сафи ҲХДТ дохил шудан муроҷиат намуда буд ва имрӯз аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид шаҳодатномаҳои ҳизбии онҳоро дар як вазъи тантанавӣ супорида шуд.


















