
ХУРОСОН: Дар доираи аксияи ҳизбии «365 – рӯзи корҳои созандагиву ободонӣ» ва ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ҳашари дастаҷамъонаи ободониву тозагӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҳашар кормандони ҳизб, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар корҳои тозакунии гирду атроф, ҷамъоварии партовҳо, сафедкунии дарахтон ва ободу зебо намудани муҳити атроф фаъолона иштирок намуданд.
Чунин иқдомҳои созанда ба беҳтар гардидани вазъи санитарӣ, ободонии маҳал ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандон мусоидат намуда, саҳми арзанда дар рушди ноҳия мегузоранд.
Барои Тоҷикистони ободу пешрафта саҳм мегузорем!


















