БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

РОҲҲОИ ҲАМВОР - НИШОНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА.

МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ: Таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ яке аз омилҳои муҳими беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, дар ҷамоати Шаҳраки ,,Москва" корҳои ободонӣ, аз ҷумла ҳамворсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо бо маром идома доранд.

Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ роҳҳои фарсуда таъмир гардида, шароити мусоиди ҳаракат барои нақлиёт ва пиёдагардон фароҳам оварда мешавад. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва осон гардидани рафтуомади мардум мусоидат менамояд.

Сокинон бо ҳисси масъулиятшиносӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, барои пешрафти маҳалли худ саҳми назаррас мегузоранд. Зеро маҳз роҳҳои ҳамвору обод яке аз нишонаҳои зиндагии шоиста ва муҳити зисти бароҳат ба ҳисоб мераванд.

Ин гуна ташаббусҳо ба ободии диёр ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам месозанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон