БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕШАВАНД

ҶАЙҲУН: Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҷиҳати меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, ҷалби шаҳрвандон ба кишту кор ва истифодаи оқилонаву самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Бо ҳамин мақсад, санаи 3-майи соли ҷорӣ, масъулини Кумита аз ҳолати истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии сокинон боздид ба амал оварданд.

Мавриди зикр аст, ки аҳли ҳизбиёни ноҳияи Ҷайҳун, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат оид ба истифодаи заминҳои хоҷагӣ ва наздиҳавлигиро сармашқи кори худ қарор дода, ҳар як ваҷаб заминҳои худро самаранок истифода намуда ҳамзамон аз гармхонаҳояшон низ ҳосили хуб ба бор меоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон