
Ш.ШОҲИН: Дар доираи сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як гӯшаи ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бомаром ҷараёни дорад.
Дар қатори бошандагони дигар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия,сокинони деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Теҳрай ба ҳашар баромада, гирду атрофи қабристони деҳро аз хасу хошок ва партовҳо поккорӣ намуда,саҳми худро дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист гузоштанд.

















