БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ОБОДИИ ҲАР КӮЧАВУ МАҲАЛЛА АЗ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ ВА САҲМИ ҲАР ЯК СОКИНИ ВАТАНДӮСТ ОҒОЗ МЕЁБАД.

ШАҲРИТУС: Бо ташаббуси фаъолони маҳаллӣ, аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Туси ноҳияи Шаҳритус ҳашари дастаҷамъонаи ободониву тозакорӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҳашар корҳои тоза намудани ҷӯйборҳо аз партовҳои гуногун, даравидан ва нест кардани алафҳои бегона, буридани шохаҳои зиёдатии дарахтон, ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, инчунин ба тартиб даровардани ҳудуди кӯчаву маҳаллаҳо анҷом дода шуданд.

Иштирокчиёни ҳашар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастӣ баҳри беҳтар намудани ҳолати санитариву экологии маҳал саҳми арзандаи худро гузошта, барои фароҳам овардани муҳити тозаву обод ва зебои зист талош намуданд.

Тадбирҳои мазкур дар доираи сиёсати созандаву ободкоронаи давлат ва бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагии шоиста ба чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон