ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тибқи ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо ин навбат бо сокинони ташкилоти ибитидоии «Навобод» оид ба сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни суҳбат масъулин оид ба самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи маблағи истифодаи он ҳамчун нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои барк ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.
Дар робита ба ин масъалаи мазкур моро зарур аст, ки дар ин самт ҳиссаи арзандаи худро гузошта, ба дарки ҷомеа расонем, ки истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва саривақт пардохти маблағи он боиси рушди соҳаи энергетикии кишвар гашта, омили мунтазам таъмин будани гармиву рӯшноӣ дар хонадони ҳар яки мо мегардад.