БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

КӮДАКОН — ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳизбӣ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон, волидон ва шумораи зиёди кӯдакону наврасон иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии идона Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Шукрона Маҳмадализода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Қурбонзода Наргис, муовини раиси шаҳри Бохтар, Амирали Ташрифзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.

Пеш аз оғози қисми расмии чорабинӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои кӯдакону наврасон, маҳсули эҷодкорӣ, корҳои дастӣ ва маҳорати ҳунарии онҳо боздид намуда, ба истеъдод ва қобилияти насли наврас баҳои баланд дода шуд. Дар рафти чорабинии таъкид гардид, ки маҳз тавассути дастгирҳои пайвастаи кӯдакон ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди онҳо метавон ҷомеаи пешрафта ва ояндаи босуботи кишварро таъмин намуд.

Зимни суханронии хеш Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таълиму тарбияи шоиста ва муҳайё намудани шароити мусоид барои донишандӯзии онҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат барои таҳсил, истироҳат, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии кӯдакон шароити замонавӣ фароҳам оварда шуда, татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ дар ин самт бомаром идома дорад.

Дар доираи чорабинӣ як қатор ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин иқдом ҳамчун нишонаи қадршиносӣ аз заҳмату кӯшишҳои насли наврас ва ҳавасмандгардонии онҳо барои дастёбӣ ба қуллаҳои нави дониш ва эҷод арзёбӣ гардид.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки кӯдакону наврасони соҳибистеъдод баргузор шуда, онҳо бо қироати шеърҳо, иҷрои сурудҳои ватандӯстона, рақсу таронаҳои дилнишин ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд. Фазои идона бори дигар собит намуд, ки кӯдакон ҳамчун шукуфаҳои боғи Ватан ва идомадиҳандагони роҳи созандагии миллат сазовори ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ мебошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон