БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ ҚАҲРАМОНОН

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар оромгоҳи «Лучоб»-и шаҳри Душанбе маросими зиёрати оромгоҳҳои қаҳрамонон ва фарзандони содиқи миллат - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маорифпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, кормандони дастгоҳи кумитаи вилоятии ҳизб ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ ба пояи оромгоҳҳо гулчанбар гузоштанд.

Таъкид гардид, ки қаҳрамонони миллат бо ҷоннисорӣ, матонат ва хизматҳои шоистаи худ дар ҳифзи марзу буми кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро иброз дошт, ки маҳз дар заминаи сиёсати созанда ва ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотираи фарзандони барӯманди миллат гиромӣ дошта шуда, оромгоҳҳои онҳо ба макони эҳтирому зиёрати мардум табдил ёфтаанд.

“Пос доштани хотираи қаҳрамонон, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии онҳо ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯза маҳсуб меёбад”, - илова кард ӯ.

“Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси ҷумҳурӣ хизматҳои мондагор намудаанд”, - барҳақ таъкид кардаанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Маросими поси хотир дар фазои эҳтиром ва қадршиносӣ гузашта, бори дигар аҳамияти ҳифзи хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба фарзандони фидоии миллатро таъкид кард. Имрӯз гиромидошти хотираи қаҳрамонони миллат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии онҳо ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст. Корнамоиҳои фарзандони содиқи ватан, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ҷоннисорӣ кардаанд, барои насли ҷавон ҳамчун мактаби бузурги ватандӯстӣ хизмат мекунанд. Дар шароити кунунӣ тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба таърихи миллат, худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ аҳамияти хоса касб кардааст. Аз ин рӯ, гиромӣ доштани хотираи неки чунин шахсиятҳо ва омӯзиши зиндагиномаву фаъолияти онҳо дар ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, садоқат ба ватан ва ифтихори миллӣ нақши муҳим дорад. Гузашта аз ин, чунин иқдомҳо ба таҳкими робитаи маънавии наслҳо мусоидат карда, ҷавононро ба хизмати содиқона ба давлат ва ҷомеа раҳнамун месозанд. Арҷгузорӣ ба қаҳрамонони миллат на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди таърих ва ояндаи кишвар мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон