
Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо баррасии масъалаҳои муҳим баргузор гардид.
Дар кори он аъзои Раёсат Ҷамшед Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, Шукрулло Хайрзода, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Абдурозиқ Ризозода, раиси Иттифоқҳои касабаи вилоят, Аҳмадҷон Ализода, раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят иштирок карданд.
“Дар Маҷлиси имрӯза асосан натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар чаҳор моҳи аввали сол ва вазифаҳо барои давраи минбаъда, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли оянда ва дигар масоили мубрам баррасӣ хоҳанд шуд”, - зикр кард Саидзода Ҷамшед Ҳамро зимни суханронӣ.
Илова гардид, ки аъзои ҳизб ҳамеша ба корҳои ободонию созандагӣ майл дошта, дар давраи ҳисоботӣ барои тозаю озода кардани кӯчаю маҳаллаҳо, сангфаршу мумфарш кардани роҳҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи миллӣ саҳм гузоштаанд.
“Бо мақсади бурдани корҳои идеологӣ фаъолони ҳизб беш аз 1200 вохӯрӣ бо усули “хона ба хона” ташкил карда, дар саҳифаҳои худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук беш аз 14 ҳазору 986 хабару гузориш, ҳадиси мусаввар ва навори видеоӣ нашр кардаанд”, - афзуд раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
Таъкид гардид, ки дар зарфи чор моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ 7 ҳазору 899 кас ба сафи ҳизб пазируфта шудааст. Гуфта шуд, ки ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам қонеъкунанда набуда, метавон онро аз ҳисоби ҷалби кормандони корхонаю коргоҳҳои навтаъсис ва хоҷагиҳои деҳқонии амалкунанда боз ҳам афзун кард.

















