
ЛЕВАКАНТ: Бо ташаббуси масъулини ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакант ва бо иштироки фаъолонаи кормандони ҷамоат ва сокинони маҳаллӣ дар деҳаҳои Зағертут ва Ҳаёти нав шанбегии дастаҷамъона таҳти унвони “Шукуфои шаҳр-мароми мо ҳизбиён” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳрӣ фаъолона иштирок намуда, барои ободу тоза нигоҳ доштани муҳити атроф саҳми арзандаи худро гузоштанд

















