БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ақидаҳои ифротии ҲНИ-ро маҳкум мекунем!

А.ҶОМӢ. Дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки беш аз 300 нафар сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳаллӣ вохӯриву суҳбатҳои судманд доир намуд.

Тавре Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ изҳор дошт, вохӯриву суҳбатҳои мазкур пеш аз ҳама бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ,  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, садоқат ба Президент, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ миёни сокинони маҳаллӣ, алалхусус миёни занону ҷавонон буда, дар ин замина онҳоро барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами  ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб  кардан  аст.

Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ оид ба ақидаҳои экстремистиву террористии ҲНТ андешони карда сокинони маҳал амалҳои ин хоинони миллатро пурра маҳкум карданд.

Дар чорабинии мазкур се нафар сокири деҳаи Истиқлол аъзои ҲХДТ шуда, ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ба се нафар маъюбон кӯмакпулии яквақтаина расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg