
ВАХШ: Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад ва яке аз муҳимтарин ҷашнҳои башардӯстона ба шумор меравад. Ин рӯз ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таъмини шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо бахшида шудааст. Кӯдакон сарвати бебаҳои ҷомеа ва ояндаи ҳар давлату миллат мебошанд. Аз тарбияи дуруст, донишандӯзӣ ва камолоти маънавии онҳо пешрафти ҷомеа вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ҳамеша аз вазифаҳои муҳимми давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат садҳо муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ ва майдончаҳои варзишӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидаанд. Барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва рушди истеъдодҳои кӯдакону наврасон тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд.
Ғамхории доимии Пешвои миллат нисбат ба насли наврас дар сиёсати иҷтимоии давлат мавқеи марказӣ дорад. Дар суханрониҳои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки кӯдакон ва ҷавонон неруи созанда ва ояндаи Тоҷикистон мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир давлат барои ҳифзи саломатӣ, таҳсилоти босифат ва тарбияи ватандӯстонаи онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи шодиву хурсандии кӯдакон, балки рӯзи масъулияти ҷомеа дар назди насли оянда мебошад. Ҳар як кӯдак бояд дар фазои сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат ва ғамхорӣ ба воя расад, то дар оянда ба Ватани худ содиқона хизмат намояд. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон, дастгирии онҳо ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Бо чунин ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва ватандӯст заминаи устувор фароҳам оварда шудааст.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо ҷашни шодиву нишоти кӯдакон, балки рамзи ғамхорӣ нисбат ба насли ояндаи миллат мебошад. Кӯдакон ояндасозони ҷомеа буда, таълиму тарбияи дуруст, ҳифзи саломатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шахс ва ҷомеа аст.
Бо шарофати сиёсати инсонпарварона ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии кӯдакон ва наврасон имкониятҳои васеъ барои таҳсил, рушди истеъдод ва зиндагии шоистаи онҳо муҳайё гардидааст. Мо бояд ин ғамхориҳоро қадр намуда, барои тарбияи насли солиму донишманд ва ватандӯст саҳми арзандаи худро гузорем.
Зеро кӯдакони имрӯз — бунёдгарони Тоҷикистони фардо мебошанд ва сарнавишти дурахшони Ватан аз дониш, маърифат ва тарбияи онҳо вобастагии мустақим дорад. Танҳо бо таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба кӯдакон метавон ҷомеаи пешрафта, обод ва соҳибиқболро бунёд намуд.
Қосимов И.Ф.- Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

















