
ВАХШ: Ҳар як ташабусе, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта мешавад аз тарафи ҷомеаи ҷаҳони бахусус Созмони милали мутаҳид қабул мегардад. Ин далел бар он аст, ки ҳар як иқдоми сарвари давлати мо дар заминаи арзшиносии воқеии илми ва биниши аниқ ба мушкилот ва нишон додани роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда дар сайёра мебошад.
Ҳар ташаббусе, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилаи ироа мегардад он ҳадафҳои меҳварии худро дорад. Таъсис ёфтани чунин ҷоиза дар самти захираҳои об як иқдоми беназири сарвари давлат мебошад ва он воқеан дар миқёси бийнамилали беназир мебошад. Ҷоизае, ки аз ҷониби Пешвои муззами миллат таъсис ёфт ин фарогир ба тамоми масъалаҳои марбут ба об дар миқёси глобали мебошад, ки аз илм то сиёсатро дар бар мегирад. Таъсиси чунин ҷоиза метавонад, ки ҳам доираҳои сиёси ҳам илми ва ҳам тасмимгирандагони ниҳоиро ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалии соҳаи об ба ҳам орад. Вобаста ба ин тамоми мутахасисону олимони соҳа барои расидан ба ин ҷоизаи бонуфуз дастраси пайдо намоянд. Ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти оламшумул дорад, ки пеш аз ҳама ба самти рушди тамоми соҳаҳое, ки обу иқлимро дар бар мегирад ва ин ташабуси бисёр фарогир мебошад. Масъалаи об ва иқлим дар ҳаёти башарият авалиндараҷа мебоашд. Ин ҷоиза барои абадан дар ҷаҳон аст ва то вақте, ки ин давлат ин миллат вуҷуд дорад ин ҷоиза ҳаст ва ин боиси фахри миллати тоҷик мебошад. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар таърих боқи мемонад, наслҳои ояндаи тоҷик аз ин ташаббус ифтихор мекунанд.
Негматзода Азизулло - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш


















