БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГАРДИД

ДАНЃАРА:  Дар доираи истиқбол аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ибтикори Федератсияи тенниси рӯи миз дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 22 то 24 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи байналмилалӣ оид ба тенниси рӯи миз баҳри дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ варзишгарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон Озарбойҷон ширкат варзиданд.

Дар даставӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон соҳиби Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз гардид, ки боиси ифтихору сарфарозист.

Ин дастоварди арзанда нишонаи рушди соҳаи варзиш, махсусан теннис дар кишвар ва натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва варзиш мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон