БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъсиси кумитааҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал

ДАНҒАРА. Дар асоси дастури Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ҷиҳати таъсис додани Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар назди ҷамоатҳои деҳоти вилояти Хатлон, аз ҷумла дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар назди 8 ҷамоати деҳоти ноҳия Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд. 

Зимни вохӯрӣ бо кадрҳои нави ба вазифаҳо таъиншуда раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад аз рӯи вазифаҳои ишғолкардаашон вазифагузориҳо намуда, иҷрои босифати вазифа ва уҳдадориҳои мансабиашонро таъкид намуд.

Кадрҳои ба вазифаҳои таъиншуда ҳама аз ҳисоби ҷавонони фаъолу ташаббускор ва тарбиятдидагони мактаби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, собиқаи хуби кориро дар ин самт аз худ намудаанд. Онҳо то ин вақт масъул дар шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия буданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg