
НОРАК: Дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тутқвулии шаҳри Норак корҳои ободонӣ, созандагӣ ва шанбегиҳои дастаҷамъона бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ бо маром идома доранд.

















