
КӮЛОБ: Имрӯз гурӯҳи корӣ дар маҳаллаи "Ҷ.Алӣ" шаҳри Кӯлоб чиҳати баррасии нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ёдовар шуда, қайд намуданд, ки дар ҳошияи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки барои ободиву созандагии ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Инчунин, масъулин иштирокдоронро барои амали гаштани нақша чорабиниҳо, ки борои вусъат додани корҳои созандагиву ободкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтан аз ҷашни бузурги миллӣ 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ нақшабандӣ карда шудаанд аз сокинони маҳаллаи болозикр даъват ба амал оварданд, ки бо обод гардонидани гирду атрофи хонаҳои истиқоматиашон ва тозаву озода нигоҳ доштани он саҳмгузор бошанд.

















