БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

АЁДАТИ ШАХСОНИ БЕМОР ВА КУМАК БА ОНҲО

ЛЕВАКАНТ:  Дар арафаи фарорасии иди саиди Қурбон раиси ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакант, Эшова Боғигул ҳамроҳ бо дигар масъулини ҷамоат ба аёдати шахсони бемору маъюбиятдоштаи деҳаҳои Зағертут ва Нурафшон рафтанд.

Зимни ин иқдоми хайрхоҳона ба як қатор оилаҳои ниёзманд ва шаҳрвандони имконияташон маҳдуд маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ ва шакар дастрас карда шуд. Масъулин зимни суҳбат бо сокинон иброз доштанд, ки дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, хусусан дар арафаи идҳо, аз амалҳои неку инсонпарварона ба шумор меравад.

Ҳамчунин ба занони бемор матоъ барои курта тақдим гардида, ба онҳо туҳфаҳои идона супорида шуд. Ин иқдом боиси болидахотирии аёдатшудагон гардида, онҳо барои чунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба роҳбарияти ҷамоат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Сокинони аёдатшуда зикр карданд, ки чунин амалҳои хайрхоҳона дар рӯзҳои ид ба онҳо рӯҳияи тоза бахшида, эҳсоси дастгириву меҳрубонии ҷомеаро бештар мегардонад.

Гуфта шуд, ки иқдомҳои хайриявӣ дар ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” минбаъд низ идома ёфта, масъулин пайваста аз ҳоли шахсони ниёзманд хабар мегиранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон