БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ТАШКИЛӢ ДАСТАРХОНИ ИДОНА ВА ЧОРАБИНИИ ФАРОҒАТӢ БА АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 07256

БОХТАР: Имрӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва МИМҲД шаҳри Бохтар бахшида ба иди Саиди Қурбон дар қисми ҳарбии 07256 чорабинии фароғати бо оростани дастархони идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарбозону афсаронро бахшида ба рӯзи Иди Саиди Қурбон табрику муборакбод намуда қайд намуданд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист.

Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Дар идома баҳри болидаруҳии сарбозону афсарон чорабинии фароғати пешниҳод гардида, инчунин ба рӯзи Иди Саиди Қурбон баҳри сарбозон дастархони идона ороста шуд.

Ҳамин тавр, ин санаи фархунда дар вазъияти тантанвӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон