
ҶАЙҲУН: 25 майи соли 2026 дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Ализод Азизулло Муҳибулло, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Маҳмадализода Шукрона, муовинони раиси ноҳия Сабурзода Насим.Саидзода Тоҷиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Маҳмадраҷабзода Маҳмадшариф, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меъроҷ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Худойдоди Изатулло ва масъулини мактаби варзишии ноҳия иштирок намуданд.
Сипас, дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло Муҳибулло суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни фархунда самимона табрик гуфт. Зикр гардид, ки маҳз бо ташаббус ва ибтикори созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ футбол мақоми байналмилалӣ касб намуда, ба яке аз рӯйдодҳои муҳими ҷаҳони варзиш табдил ёфт. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Маҳмадализода Шукрона баромад намуда, қайд карда шуд, ки рушди соҳаи варзиш, махсусан футбол, дар замони соҳибистиқлолӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, бунёди майдончаҳои муосири варзишӣ, фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон ва баргузории мусобиқаҳои гуногун барои тарғиби тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар идома ба наврасону ҷавонон аз ҷониби масъулин тақдими туб доир гардид.


















