
ШАҲРИТУС: Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳия аксияи тарғиботӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба ҷавонону сокинон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуда, оид ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатдорӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан суҳбату мулоқотҳо анҷом дода шуданд.
Зимни баргузории аксия таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳадаф аз ташкили чунин иқдомҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Иштирокчиёни чорабинӣ иқдоми мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷавонони кишвар дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳри пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

















